Ссылки доступа

Ҷазо барои озори ҷинсии кӯдакон сахттар мешавад, аммо қонун ниҳоӣ нашудааст


Дар тарҳи нави Кодекси ҷиноӣ ҷазо барои озори ҷинсӣ сахттар карда шудааст. Вале Шараф Каримзода, муовини вазири адлия, рӯзи 12-уми июл гуфт, тарҳи нави Кодекси ҷиноӣ ҳанӯз ниҳоӣ нашуда, баррасии он дар идораҳо идома дорад.

“Ҳама вазорату идораҳо розигӣ доданд, ки ҷазо барои озору азияти ҷинсӣ пурзӯр шавад", -- афзуд ӯ дар нишасти матбуотӣ.

Талабҳо дар бораи сахттар кардани ҷазо барои озори ҷинсӣ, бахусус таҷовуз ба номуси ноболиғон, борҳо садо додааст. Ҳомиёни ҳуқуқ сахттар кардани ҷазо барои озори ҷинсиро яке аз роҳҳои асосии ҳалли масъала медонанд.

Баҳси сахттар кардани ҷазо барои озори ҷинсӣ ҳафтаи гузашта дар пайи кушта шудани як духтари 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ дубора доғ шуд.

Рӯзи 5-уми июл ҷасади Руфайда Иноятова аз ҳоҷатхонаи ҳамсояаш пайдо шуд, ки тибқи баъзе хабарҳо пеш аз куштан мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтааст. Баъд аз он ҳодиса, ҳомиёни ҳуқуқ аз раиси Маҷлиси Миллӣ талаб карданд, ки ҷазо барои озори ҷинсӣ бахусус озори ҷинсии ноболиғон пурзӯр карда шавад.

XS
SM
MD
LG