Ссылки доступа

Пулис аз боздошти ташкилкунандаи қатли президенти Ҳаитӣ хабар дод


Пулиси Ҳаитӣ дар доираи таҳқиқи парвандаи қатли президенти он кишвар Жовенел Моиз аз боздошти ташкилкунандаи эҳтимолии куштори президент хабар дод.

"Ин одам бо ҳадафҳои сиёсӣ тавассути ҳавопаймои хусусӣ ба Ҳаитӣ омадааст", - хабар дод Леон Чарлиз, сардори пулиси миллии Ҳаитӣ. Гумонбар Кристиан Эммануэл Санони 63-сола аст, ки дар ИМА зиндагӣ мекунад. Вай моҳи июн бо чанд тан зодагони Колумбия ба Ҳаитӣ омада, ҳадафи боздошти Моизро дошт. Аммо нақшаҳои ӯ баъдтар тағйир ёфтанд, хабар медиҳад пулис.

Аз 7 июл ба ин тараф, аз замони қатли президент, 18 зодаи Колумбия боздошт шудаанд. Дар ҷараёни бозпурсиҳо муайян шудааст, ки Санони 63-сола онҳоро ба қатли президенти Ҳаитӣ ҷалб кардааст.

Президенти Ҳаитӣ Жовенел Моизро 7 июл дар манзили зисташ паронданд. Сарвазири пешин Клод Жозеф бо тасдиқи ин хабар гуфт, вазифаҳои президенти Ҳаитиро муваққатан ӯ анҷом медиҳад.

Клод Жозеф пештар аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ Ариэл Анрӣ раиси ҳукумати он кишвар таъйин шуда буд. Худи Анрӣ вазъро то ҳол шарҳ надодааст.

Ҳаитӣ яке аз фақиртарин давлатҳои ҷаҳон аст ва ҳукумати он кишварро барои ҷорӣ карда натавонистани тартибот дар кӯчаҳо, ки аз сӯи гуруҳҳои мусаллаҳ идора мешаванд, танқид мекунанд.

Моизи 53-сола дар натиҷаи интихоботе президенти Ҳаитӣ эълом гашт, ки даври аввали он соли 2015 ва даври дувумаш соли 2016 баргузор гашт.

XS
SM
MD
LG