Ссылки доступа

Баъди занозании тоҷикистониҳову қирғизистониҳо дар Москва парвандаи ҷиноӣ боз шуд


Намояндаи вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар Русия Нурлан Жанбоев занозании шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистонро дар Москва шарҳ дод.

Вай гуфт, пулиси Москва аз занозании гуруҳӣ пешгирӣ кард.

"Ҳамроҳ бо пулиси Русия шабона бо муҳоҷирон суҳбат кардем. Ба хотири пешгирӣ аз занозании гуруҳӣ пулиси Москва шаҳрвадони Тоҷикистону Қирғизистонро ба идораи худ бурд. Занозанӣ рӯзи ҷумъа рух дод, онҳо он рӯз саққобозӣ мекарданд. Пулис ҳоло ба тафтиш шуруъ кардааст", - гуфт Жанбоев.

Ба гуфтаи вай, дар занозанӣ як шаҳрванди Қирғизистон захми кор бардоштааст.

Дар пайи ин занозанӣ бо моддаи авбошӣ парванда боз шудааст. Пулис 103 касро боздошт кард, ки аз ин шумор бештар аз 70 кас шаҳрвандони Қирғизистон ҳастанд. Се шаҳрванди Тоҷикистон ба пулис шикоят бурдааст.

Расонаҳои Русия навиштанд, ки дар занозании 11 июл ду шаҳрванди Қирғизистон захми корд бардошта, пулис шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистонро пароканда ва наздики 100 касро боздошт кардааст.

Навор ва аксҳои он занозанӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

XS
SM
MD
LG