Ссылки доступа

Таркиш дар бемористони Ироқ ҷони беш аз 50 касро рабуд


Дар натиҷаи сӯхтор дар бахши табобати мубталоёни коронавирус дар бемористони шаҳри Носирияи Ироқ дасти кам 52 кас ҷон бохтааст. Ба эҳтимоли зиёд, сӯхтор дар пайи таркиши зарфи кислород ба амал омадааст.

Ҳайдар аз-Замилӣ, сухангӯи Идораи тандурустии Ироқ 13 июл гуфт, дар ин сӯхтор 22 каси дигар низ ҷароҳат бардоштааст. Ба гуфтаи вай, ҳамчунин нигарониҳо вуҷуд дорад, ки гӯиё дар дохили бино, дар зери харобаҳо одамони дигар низ дармондаанд.

Хадамоти матбуотии сарвазири Ироқ Мустафо ал-Козимӣ хабар дода, ки раиси ҳукумати он кишвар роҷеъ ба ҳодиса ҷаласаи изтирориеро баргузор карда, ба боздошти раҳбарони як қатор ниҳодҳои тандурустӣ ва дифои маданӣ бо шумули мудири бахши бемористон дастур додааст.

Моҳи апрели соли равон ҳам дар натиҷаи таркиши зарфи кислород дар бемористони табобати мубталоёни коронавирус дар шаҳри Бағдод дасти кам 82 нафар ҷон бохта, 110 тани дигар захмӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG