Ссылки доступа

Зидди Орхан Инандӣ дар Туркия айб эълом шуд


Додгоҳе дар шаҳри Анкараи Туркия президенти муассисаҳои байналхалқии омӯзишии "Сапат" Орхан Инандиро бо айби "роҳбарии созмони мусаллаҳи террористӣ" ба ҳабс гирифт.

Ба иттилои хабаргузории "Анадолу", қарори ҳабси пешакии Инандӣ 12 июл содир шудааст. Инандӣ дар мусоидат кардан ба дарёфти шиносномаҳои шаҳрванди Қирғизистон ба аъзои созмони ФЕТО-и марбут ба Фатҳуллоҳ Гюлен ва мудирияти маблағҳои созмони мазкур дар Осиёи Марказӣ айбдор мешавад. Мақомоти Туркия созмони ФЕТО-и руҳонии турк Гюленро террористӣ унвон кардаанд.

Расонаҳои Туркия навиштанд, ки Орхан Инандӣ дар рафти бозпурсӣ айби эъломшударо эътироф кардааст.

Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия рӯзи 5 июл хабар дода буд, ки Орхан Инандӣ аз Қирғизистон ба Туркия бурда шудааст.

Ба гуфтаи Эрдуғон, амалиёти ба Туркия овардани Инандиро Созмони миллии иктишофӣ анҷом додааст. Эрдуғон аз Орхан Инандӣ "мудири ФЕТО дар Осиёи Марказӣ" ном бурд. "Мо ба ҳеч сохторе иҷоза намедиҳем, ки камин гирад, хун резад ва ё зарари моливу маънавӣ орад ва мавҷудияташро идома диҳад", - гуфт Эрдуғон.

Вай илова кард, ки то кунун бештар аз 100 кас аз кишварҳои дигар ба Туркия истирдод шудааст.

Президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 1 июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Писари Инон гуфт, он шаб падараш занг зада гуфтааст, дар роҳ ба сӯи хонаашон мебошад.

Орхан Инон зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои "Сапат"-у донишгоҳи "Отатурк Ала-Тоо" мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.

XS
SM
MD
LG