Ссылки доступа

Эътирозҳо дар назди консулгарии Чин дар Алмато дубора оғоз шуданд


Гуруҳе аз сокинони Қазоқистон, ки Нурсултони расмиро ба ҳимоят аз қазоқтаборон дар минтақаи Шинҷон даъват мекунанд, 13 июл дар назди консулгарии Чин дар шаҳри Алмато бо талаби раҳоии наздиконашон даст ба тазоҳурот заданд.

Иштирокдорони тазоҳуроти бидуни муҳлат, ки аз моҳи феврали соли равон ба ин сӯ бо талаби раҳоии қазоқтаборон дар Шинҷони Чин ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор мекарданд, дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахти Қазоқистон танаффуси 12-рӯза эълом карда буданд.

Рӯзи чоршанбе дар назди консулгарии Чин дар Алмато дубора панҷ нафар ҷамъ шуда, дар даст акси наздикони худро доштанд, ки гӯиё дар Чин боздошт шудаанд. Эътирозгарон аз Пекин даъват карданд, ки наздиконашонро озод кунад.

"Мо аз мубориза даст намекашем, ҳақ дорем, озодона ҳарф занем. Мо зидди мақомоти Қазоқистон баромад карданӣ нестем. Наздиконамонро қонунӣ ҷустуҷӯ дорем. Ба назари ман, моро танҳо барои он ки наздикони худро меҷуем, ҷарима ё ҳабс кардан кори нодуруст аст. Шахсан ман модар ва ду бародари хурдамро меҷуям. То онҳоро наёбам, аз эътироз даст намекашам", - гуфт яке аз эътирозгарон Акикат Калиолла.

Иқдоми қазоқтаборон пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато 8 феврали соли ҷорӣ шуруъ шуд. Бархе аз онҳо мегӯянд, пайвандони онҳоро дар Чин дар "урдугоҳҳои бозтарбияи Шинҷон нигаҳдорӣ мекунанд". Бархеи дигар иддао доранд, ки пайвандонашон дар Чин бе айбу асосе ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Гуруҳи севум даъво доранд, ки мақомоти Чин ҳуҷҷатҳои пайвандонашонро мусодира карда, ба онҳо иҷозаи тарки Чинро намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG