Ссылки доступа

Коршикании муҳофизони "KMG-Security" дар Қазоқистон


Кормандони ширкати "KMG-Security" дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон, ки иншоотҳои истеҳсолии корхонаи "Озенмунайгаз"-ро муҳофизат мекунанд, 13 июл бо талаби маоши бештар коршиканӣ карданд.

Яке аз кормандони норозӣ Ниёзбек Садуов ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, онҳо талаб доранд, ки моҳонаашон то ба 150 ҳазор танга (наздики 350 доллар) зиёд карда шавад.

"Соли гузашта низ эътирози ҳамсонеро баргузор кардем. Раҳбарият он замон талаби моро пазируфт, вале ваъдаашро иҷро накард. Ҳоло тасмим гирифтем, ки то талабҳоямон иҷро нашавад, ба кор набароем. Аз субҳ касе ба кор набаромадааст", - афзуд ӯ.

Кормандони "KMG-Security" видеоеро сабт карда, дар он талабҳои худро гуфтаанд. Дар навор дида мешавад, раҳбари бахши ширкат дар Жанаозен Алмос Темиралиев бо кормандони норозӣ мулоқот мекунад ва мегӯяд, ки раҳбарияти корхона рӯзи панҷшанбе ба назди эътирозгарон хоҳад рафт.

Додситони Жанаозен ба назди кормандон рафта, ҳушдор медиҳад, ки коршикании онҳо "ғайриқонунӣ" аст ва бояд ба маҳалли кор баргарданд. Вале кормандон талаби додситонро рад карда, гуфтанд, раҳбарияти ширкат чанд сол мешавад, ба онҳо ваъдаҳои холӣ медиҳад.

XS
SM
MD
LG