Ссылки доступа

Дар Гурҷистон наворбардори телевизион Лексо Лашкаравиро дафн карданд


Рӯзи сешанбе дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон маросими дафни наворбардори телевизиони мухолифи "Пирвелӣ" Лексо Лашкаравӣ баргузор шуд.

Лашкаравӣ дар пайи латту кӯби мухолифони роҳпаймоҳии ҳамҷинсгароён рӯзи 5 июл ҷароҳати зиёд бардошта шуда буд.

Дар маросими дафн теъдоди зиёде аз рӯзноманигорон, аъзои ҳизбҳои мухолиф ва дигар фаъолон ширкат доштанд.

Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон ахиран хабар дод, ки мумкин аст, наворбарои телевизион дар пайи истеъмоли маводи мухаддир фавтида бошад. Аммо наздик ва дӯстони Лашкаравӣ ин хабарро рад мекунанд.

Имрӯз, чаҳоршанбеи 14 июл гирдиҳамоии рӯзноманигорон ва ҳизбҳои сиёсӣ бо талаби истеъфои ҳукумати сарвазири Гурҷистон Ираклий Гарибашвилӣ шуруъ мешавад.

XS
SM
MD
LG