Ссылки доступа

Муҳоҷиронеро, ки дар Москва занозании гуруҳӣ ташкил карданд, аз Русия ихроҷ мекунанд (видео)


Муҳоҷиронеро, ки дар занозании гуруҳӣ дар назди метрои "Кузминка"-и Москва ширкат доштанд, аз Русия ихроҷ мекунанд. Дар ин бора аз Сарраёсати вазорати корҳои дохилии Русия дар шаҳри Москва хабар доданд.

"Шаҳрвандони хориҷӣ бо қарори додгоҳ ҷарима ва аз Русия ихроҷ мешаванд, ҳамчунин бархе аз онҳо аз ҳаққи баргашт ба Русия маҳрум мешаванд", - хабар додааст Сарраёсати вазорати корҳои дохилии Русия.

Шаби 11-уми июл даҳҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар Маскав занозанӣ кардаанд. Ин ҷанҷоли гурӯҳӣ дар назди метрои "Кузминки" ба амал омада, ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ, дар пайи он чандин нафар дастгир шуданд.

Баъзе аз расонаҳо мегӯянд, муноқиша байни муҳоҷирони Қирғизистону Узбекистон рӯй дод, аммо баъзеи дигар менависанд, ширкатдорони ҷанҷол муҳоҷирони тоҷику қирғиз буданд.

Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар Русия Нурлан Жанбоев занозании шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистонро дар Маскав шарҳ дод. Ӯ гуфт, пулис аз занозании гуруҳӣ пешгирӣ кард.

"Ҳамроҳ бо пулиси Русия шабона бо муҳоҷирон суҳбат кардем. Ба хотири пешгирӣ аз занозании гуруҳӣ пулиси Маскав шаҳрвадони Тоҷикистону Қирғизистонро ба идораи худ бурд. Пулис ҳоло ба тафтиш шуруъ кардааст", - гуфт Жанбоев.

Ба гуфтаи вай, дар занозанӣ як шаҳрванди Қирғизистон захми кор бардоштааст.

Дар пайи ин занозанӣ бо моддаи авбошӣ парванда боз шудааст. Пулис 103 касро боздошт кард, ки аз ин шумор бештар аз 70 кас шаҳрвандони Қирғизистон ҳастанд. Се шаҳрванди Тоҷикистон ба пулис шикоят бурдаанд.

Расонаҳои Русия навиштанд, ки дар занозании 11 июл ду шаҳрванди Қирғизистон захми корд бардошта, пулис шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистонро пароканда ва наздик ба 100 касро боздошт кардааст.

Навор ва аксҳои он занозанӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

XS
SM
MD
LG