Ссылки доступа

Азим Иброҳим: "Қирғизистон то ҳол мошинҳои боркаши моро раҳо накардааст"


Архивное фото

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, 60 мошини борбаре, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон маҳсулот меоварданд, дар ҳудуди Қирғизистон дармондаанд ва масъалаи убури онҳо то ҳол ҳал нашудааст.

Дар пайи муноқишаи марзӣ дар моҳи апрели имсол, Қирғизистон марзҳои худро ба рӯйи Тоҷикистон баст.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, 14-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ҳангоми сафари раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Душанбе, бо вазири нақлиёти он кишвар масъалаи мошинҳои дармондаи Тоҷикистонро баррасӣ карданд. “Эшон (вазири нақлиёти Қирғизистон) ваъда доданд, ки масъаларо пайгирӣ мекунанд. Лекин, мутаассифона, то ҳол натиҷа нест. Дар инҷо паҳлуҳои дигари масъаларо дидан даркор аст”, -- афзуд вазири нақлиёт.

Азим Иброҳим гуфт, ба ҳамтои қирғизаш ҳамчунин гуфтааст, гузоштани монеа дар роҳи мошинҳои боркаш ба зарари иқтисоди Қирғизистон аст. Чун, ба гуфтаи вазир, аз 60 мошин танҳо 3 ронанда аз Тоҷикистон аст ва боқии ронандагон шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ишора кард, ки ҳалли масъалаи мошинҳои дармонда дар Қирғизистон дигар аз салоҳияти ин вазорат берун аст ва ба ин хотир онҳо талош доранд, мушкилро аз роҳи дипломатӣ ҳал кунанд.

Вазири нақлиёт дар посух ба суоли онки оё мошинҳои Қирғизистон ҳам дар Тоҷикистон дармондаанд ё не, гуфт, дар ин бора маълумоти дақиқ надорад.

Мушкилоти убури марзи Қирғизистону Тоҷикистон барои ронандаҳои мошинҳои боркаш пас аз даргириҳои мусаллаҳонаи 29-уми апрел байни низомиёни ду кишвар ба миён омад. Ширкатҳои нақлиётии Тоҷикистон хабар доданд, ки даҳҳо мошинҳои ҳомили бори Тоҷикистон дар вилоятҳои Бодканду Ӯши Қирғизистон банд мондаанд.

Мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба боркашонии байналмилалӣ аз Русия машғуланд, моҳи дувум аст дар минтақаи Бодканди Қирғизистон банд мондаанд.

Ғуломҷон Мадиев, яке аз ин чаҳор ронанда, рӯзи 9-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки онҳо 28-уми апрел ба шаҳри Ӯш расиданд ва бинобар муноқиша дар марз, кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз онҳо хоҳиш карданд, каме мунтазир шаванд.

"Дар он ҷо 10 рӯз мунтазир шудем, баъд бо ҳамроҳии пулис ба Бодканд рафтем. Дар марз моро боздошт карданд, ҳуҷҷатҳоямонро гирифтанд ва акнун ду моҳ аст, дар мошинҳоямон мехобем", - мегӯяд ин ронанда. Ба гуфтаи ӯ, онҳо аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боздошт шудаанд ва барояшон гуфтаанд, ки онҳоро ба мошинҳои боркаши қирғизӣ, ки дар Тоҷикистон дармондаанд, иваз мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон мегӯянд, ронандаву мошинҳои боркаши марбут ба шаҳрвандони Қирғизистон дигар вуҷуд надоранд.

Се мошини боркаши бузург ба интиқоли мол аз Русия ба Тоҷикистон машғул буданд ва тавассути Қирғизистон мегузаштанд. Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи ронандагон, онҳо аз марзи Тоҷикистон даҳ километр дуртаранд.

“Онҳо ҳуҷҷатҳои моро баргардониданд, вале санади молро надоданд. Гуфтанд, ки мо метавонем мошинҳоро гузошта, равем. Аммо ин корро карда наметавонем, мо хеле дер кардем ва ҳар рӯз одамон ба суроғи молҳояшон ба хонаи мо омада истодаанд. Илова бар ин, ман мошинро бо қарз харидаам ва онро ин ҷо гузошта наметавонам", - шиква мекунад яке аз ронандагон.

Сардии равобит дар муносибати Бишкек ва Душанбе баъди муноқишаи охири моҳи апрел дар марз ба миён омад. Дар ин муноқиша, ки рӯзҳои 28-29-уми апрел рух дод, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ куштанд.

XS
SM
MD
LG