Ссылки доступа

Дар ноҳияи Арали Қазоқистон ба далели хушкӣ ҳолати фавқулода эълом шуд


Рӯзи 13 июл дар ноҳияи Арали вилояти Қизилордаи Қазоқистон ба далели хушксолӣ ҳолати фавқулода эълом шуд.

Дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбе бо иштироки ҳокими вилояти Қизилорда Гулшарӣ Абдикаликова гуфта шуд, ки дар ноҳияи Арал хушкӣ ва камбуди шадиди алаф боиси талафи 559 сар чорво шудааст.

"Дар навбати аввал барои ҳифзи чорво бояд чоҳи об канд, ҷӯйҳоро тоза кард ва ба чарогоҳҳо об расонд. Дар робита ба харҷи зиёд доштани ин корҳо мо ба ҳукумат нома навиштем ва дархости ҷудо кардани маблағ кардем", - гуфт Абдикаликова.

Тобистони кунунӣ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хушксолӣ омад. Вазъ ба вижа дар вилоятҳои Мангистау ва Қизилорда нигаронкунанда аст.

XS
SM
MD
LG