Ссылки доступа

Идораи мусулмонони Узбекистон: "ваксина раҳмати Худованд аст"


Муовини аввали раиси Идораи мусулмонони Узбекистон Ҳомиҷон Ишматбеков 13 июл дар як ҳамоиш гуфт, мусулмонон ваксинаи зидди коронавирусро бояд ҳамчун раҳмати Худованд, ки ҷони онҳоро ҳифз мекунад, қабул кунанд.

Ишматбеков мегӯяд, афроди зиёде ба идораи онҳо шикоят кардаанд, ки ваксинаҳои зидди коронавирус аз маводи ноҷоиз ё ба истилоҳ, "ҳаром" сохта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто дар сурати ҳақиқат доштани ин фарзияҳо бояд қоидаро риоя кард, ки тибқи он, "таркиби як мавод дар ҳолати омехта шудан ба маводи дигар тағйир хоҳад ёфт".

"Бинобар ин, шумо набояд ба ин чиз аҳамият диҳед. Мо хулоса баровардем, ки агар мутахассисон онро ҳамчун дору навишта бошанд, пас истифодаи он ҷоиз ё "ҳалол" хоҳад шуд", - изҳор доштааст Ишматбеков.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон, то имрӯз 938 529 сокини он кишвар зидди коронавирус эм шудааст.

XS
SM
MD
LG