Ссылки доступа

Ҳукумати Қирғизистон пешниҳод дорад, ширкати мобилии MegaCom фурухта шавад


Девони вазирони Қирғизистон пешниҳод дорад, ки сад дарсади саҳмияҳои ширкати мобилии MegaCom, 14,9 дарсади саҳмияҳои ширкати "Бунёди кафолат", 0,74 дарсади саҳмияҳои ширкати "Каромат Банк" ва 76,56 дарсади саҳмияҳои "Бонки амонатгузории авруосиё" фурухта шавад.

Замир Бугубоев, намояндаи Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон гуфт, рӯзи 25 июни соли 2020 барномаи фурӯши 25 моликияти давлатӣ барои солҳои 2020-2022 аз сӯи порлумон қабул шудааст. Ҳамакнун пешниҳод шудааст, ки ба ин рӯйхат 4 иншооти дигар шомил карда шавад.

Депутат Жогорку Кенеша Дастан Бекешев на своей странице в Facebook написал, что ГКНБ выступает против продажи MegaCom.

Ҳукумати Қирғизистон бори чандум аст, ки талош мекунад, ширкати MegaCom-ро фурӯшад. Баъди инқилоби тирамоҳи соли 2010 ҳукумати муваққати Қирғизистон 49 дарсади саҳмияҳои ин ширкатро миллӣ гардонид. Соли 2014 ширкат комилан ба ихтиёри давлат гузашта буд.

XS
SM
MD
LG