Ссылки доступа

Комёбӣ ва мушкилоти рӯзноманигорони варзишӣ дар Тоҷикистон (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Суолҳои бепосух дар бораи коронавируси нав дар Суғд.​ Мақомоти Суғд ҳарчанд дар бораи шумори беморону ҷонбохтагон ва вазъи вобаста ба коронавирус дар минтақа иттилои дақиқ надоданд, гуфтанд, ки барои дарёфти ваксинаи бештар ба ҳукумати кишвар муроҷиат кардаанд. (видео)​

- Комёбӣ ва мушкилоти рӯзноманигорони варзишӣ дар Тоҷикистон. Ширкатдори Анҷумани хабарнигорони варзишӣ бар инанд, ки хабарнигорони бахши варзиш бояд мактаби хоси худ бо устодони ботаҷриба дошта бошанд (видео)

- Чаро биноҳои бисёртабақаи Кӯлоб оби ошомиданӣ надоранд? Мақомдорони Кӯлоб мегӯянд, зеро оби нӯшокӣ барои обдиҳии дарахтону чорво истифода мешаванд. (видео)​

- Дар Тоҷикистон ба вазъи Афғонистон чӣ назар доранд? Тасарруфи чанд минтақа дар гӯшаҳои Афғонистон, бахусус наздик ба марзи Тоҷикистон, аз тарафи Толибон бисёриҳоро дар кишвар нигарон кардааст. Сокинон мегӯянд, ҳузури ин гуруҳ хавфи терроризму ифротгароиро дар Тоҷикистон бештар ва назорати сарҳадро мушкилтар мегардонад (видео)

- ​Бо чаҳор наврас дар Хуҷанд чӣ рӯй дод? Пайвандони чаҳор наврас аз Истаравшан, ки ду рӯз пеш дар дарёи Сир ғарқ шуданд, ҷузъиёти ҳодисаро ба Радиои Озодӣ нақл карданд. Ба гуфтаи онҳо, фарзандонашон якҷо бо зиёда аз 20 хонандаи дигар ба тамошои Хуҷанд рафта, ҳангоми оббозӣ ба умқи дарё фурӯ рафтаанд.​ (видео)

- “Агар хеши президент пуштибонӣ накунад, тоҷир шуда наметавонӣ” (видео)

- Мушкили сабзӣ дар Осиёи Марказӣ. Дар бозори кишварҳои Осиёи Марказӣ нархи хӯрокворӣ якбора боло рафт. Бино ба иттилои Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони Милал (FAO), ин баландтарин болоравии нарх дар 10 соли охир буда, арзиши маҳсулоти хӯрокӣ дар муқоиса бо як сол пеш 40 дарсад гарон шудааст. (видео)

- Оё хавфи занони ҳомилаи тоҷик аз сирояти коронавирус асосе дорад? (видео)

- Ваксингузаронӣ дар Душанбе авҷ гирифтааст. (видео)

- Тоҷикистон сарбозони фирории афғонро ба ватанашон интиқол дод.(видео)

- Мушкили сабзӣ дар Осиёи Марказӣ. Дар бозори кишварҳои Осиёи Марказӣ нархи хӯрокворӣ якбора боло рафт. Бино ба иттилои Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони Милал (FAO), ин баландтарин болоравии нарх дар 10 соли охир буда, арзиши маҳсулоти хӯрокӣ дар муқоиса бо як сол пеш 40 дарсад гарон шудааст (видео)

- Чаро баъзе аз тоҷикон аз ваксина гирифтан меҳаросанд? Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон аз кишвару созмонҳои хориҷӣ дарёфти ваксинаи бештарро дархост кардаанд, бархурди сокинон ба он яксон нест. Гурӯҳе ваксинаро ягона роҳи раҳоӣ аз чанголи бемории коронавирус медонанд, иддае дигар ҳанӯз дудилаанд, ки худро эм кунанд ё не (гулчин)

​- Фаъолон хостори таҳқиқи "қазияи таҷовуз ва қатли Руфейдаи 8-сола" шуданд.​ Пас аз таҷовуз ва қатли Руфейдаи 8 сола фаъолон аз Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ хостанд, ҷазо барои барафторӣ нисбати кӯдаконро сахтар кунад. ​(видео)

- Зиндагӣ дар Ворух. Қисми аввал.​ Бо гузашти ду моҳ аз муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, зиндагии мардуми рустоҳои наздимарзӣ дар ҳарду тараф ба маҷрои пешинааш бармегардад. Хабарнигори Радиои Озодӣ чанде пеш ба Ворух яке аз ҷамоатҳои Тоҷикистон рафт ва бо сокинони он дар бораи зиндагӣ дар марз филмеро ба навор гирифт. ​(видео)​

Зиндагӣ дар Ворух. Қисми дувум.​ Бо гузашти ду моҳ аз муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, зиндагии мардуми рустоҳои наздимарзӣ дар ҳарду тараф ба маҷрои пешинааш бармегардад. Хабарнигори Радиои Озодӣ чанде пеш ба Ворух яке аз ҷамоатҳои Тоҷикистон рафт ва бо сокинони он дар бораи зиндагӣ дар марз филмеро ба навор гирифт. ​(видео)​

- Тарҳҳои Эрдӯғон ва вайронгарӣ дар табиати Туркия. Дар Туркия як тарҳи азими иқтисодӣ, хоби сокинони як гӯшаи зебои ин кишварро аз чашмашон рабудааст. Истихроҷи санг дар вилояти Ризе, ки раиси ҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон онҷо ба дунё омадааст, хашми мардумро барангехтааст. (видео)

- Кӣ ва кай кӯдакистони деҳаи "Офтоблиқо"-ро обод мекунад. Кӯдакони деҳаи Офтоблиқои канори шаҳри Кӯлоб ба боғча намераванд. Ин деҳа ба фарқ аз дигар рустоҳои Тоҷикистон боғчаи бачагон дорад, аммо бинояш пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми вайрон шудаву аз кор мондааст. (видео)

- Кор дар муассисаи коркарди намак аз пахтачинӣ беҳтар будааст (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG