Ссылки доступа

Чор эронӣ мехостаанд, як рӯзноманигорро аз ИМА рабоянд


Масих Алинеджад

Додситонии федеролии Ню-Йорк рӯзи сешанбе зидди чаҳор шаҳрванди Эрон бо гумони ташкили рабудани рӯзноманигор ва робита бо хадамоти иктишофии он кишвар айб эълом кардааст.

Бар асоси айбнома, нақшаи рабудани рӯзноманигорро корманди хадамоти иктишофии Эрон Алиризо Шавароғӣ Фарахонӣ раҳбарӣ ва дар он бояд се нафари дигар иштирок мекарданд. Рӯзноманигор, ки дар табъид дар ИМА ба сар мебарад, баъди нашри матлабҳои интиқодияш дар бораи Эрон дар нашрияи Washington Post ҳадафи гуруҳи мазкур қарор гирифтааст. Ному насаби рӯзноманигор оварда нашудааст.

Телевизиони NBC бо истинод ба манбаъҳои худ хабар дода, ки сухан аз корманди бахши форсии "Садои Амрико" Масиҳа Алинажод меравад. Худи Масиҳа Алинажод ин иттилоъро дар суҳбат бо NBC тасдиқ кардааст. Ӯ соли 2020 дар Washington Post навишта буд, ки аз омодагӣ барои рабуданаш огаҳ шудааст. "Ин як эҳсоси хеле баде буд. Вале наметавонам гӯям, ки онро интизор надоштам. Низоми Эрон барои хомуш сохтани ман даст ба таҳдидҳои ҳамсоне задааст", - гуфтааст вай.

Дар маводи додситонӣ омадааст, гумонбарон барои назорат ва таъқиби доимии рӯзноманигор, ки шаш соли ахир дар ИМА зиндагӣ мекунад, корогоҳи хусусӣ кироя кардаанд. Онҳо имкони интиқоли рӯзноманигорро тавассути баҳр ба Венесуэла, ки бо Эрон робитаи зич дорад, омӯхтаанд.

Дар айбнома ҳамчунин нақзи таҳримҳои зиддиэронӣ, пулшӯӣ ва қаллобии молӣ қайд шудааст. Ба гумонбарон ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG