Ссылки доступа

Додгоҳи Москва шаш тан аз ширкатдорони занозании гуруҳии муҳоҷиронро ҳабс кард


Додгоҳе дар Москва шаш тан аз ширкатдорони занозании гуруҳии муҳоҷиронро 15-рӯзӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифт. Занозанӣ байни муҳоҷирон шаби 11 ба 12 июл дар назди метрои "Кузминка"-а шаҳри Москва рух дод.

Додгоҳ муҳоҷирони ҳабсшударо дар вайрон кардани тартиботи гирдиҳамоӣ ва ё роҳпаймоӣ айбдор кард.

Баъди занозании гуруҳӣ, ки ба иттилои мухталиф, аз 50 то 200 муҳоҷири корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок кардааст, пулис бештар аз 100 касро боздошт кард. Чанд тан бо захми корд дар бемористон бистарӣ шуд.

Ба ҷуз аз айбҳои иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ, нисбати боздоштшудаҳо оид ба вайрон кардани тартиби ҳузур дар Русия ва майдаавбошӣ санад тартиб дода шуд. Бархе аз иштирокдорони ин занозаниро аз Русия ихроҷ хоҳанд кард, хабар медиҳанд расонаҳо.

XS
SM
MD
LG