Ссылки доступа

Чаҳор телевизиони Гурҷистон истеъфои сарвазирро талаб карданд


Акция в память о Лексо Лашкараве, Тбилиси, 12 июля

Рӯзноманигорон ва мудирони чаҳор телевизиони мухолифи Гурҷистон дар эътироз ба латтукӯб шудани наворбардори телевизиони "Пирвелӣ" Лексо Лашкаравӣ, ки чанд рӯз баъд аз ҳамла ҷон бохт, эфири худро қатъ карданд.

Телевизионҳои– "ТВ-Пирвелӣ", "Мтавари архӣ", "Формула" ва "Кавкасия" рӯзи чаҳоршанбе танҳо рӯйхати 52 корманди расонаҳоро нишон доданд, ки 5 июл дар натиҷаи бетартибии мухолифони роҳпаймоии ҳамҷинсгароён осеб дида буданд.

​Рӯзноманигорони телевизионҳои мазкур, ки як рӯз эфири худро қатъ карданд, талаб доранд, то сарвазири Гурҷистон Ираклий Гарибашвилӣ ба истеъфо биравад. Тибқи Конститутсия, маҳз ӯ қудрати комил дар он кишварро дар даст дорад. Ба гуфтаи мухолифони сарвазир, изҳороти ӯ дар бораи "ғайримақсаднок будани роҳпаймоии ҳамҷинсгароён" боиси бетартибӣ дар маркази Тифлис шудааст.

Рӯзи сешанбе дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон маросими дафни наворбардори телевизиони мухолифи "Пирвелӣ" Лексо Лашкаравӣ баргузор шуд.

Лашкаравӣ дар пайи латту кӯби мухолифони роҳпаймоҳии ҳамҷинсгароён рӯзи 5 июл ҷароҳати зиёд бардошта шуда буд.

Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон ахиран хабар дод, ки мумкин аст, наворбарои телевизион дар пайи истеъмоли маводи мухаддир фавтида бошад. Аммо наздик ва дӯстони Лашкаравӣ ин хабарро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG