Ссылки доступа

Дар Қазоқистон муҳофизони норозии "KMG-Security" шабро дар куча гузаронданд


Коршикании кормандони ширкати "KMG-Security" дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон, ки иншоотҳои истеҳсолии корхонаи "Озенмунайгаз"-ро муҳофизат мекунанд, рӯзи 14 июл низ идома ёфт.

Ин кормандон, ки баланд бардоштани моҳонаи худро талаб доранд, шаби сешанбе ба чоршанбе маҷбур шуданд, дар истгоҳҳои мошинҳо шабро рӯз кунанд. Онҳо мегӯянд, то талабашон иҷро нашавад, пароканда намешаванд.

Эътирозгарон аз раҳбарияти ширкат хостаанд, ки маошашонро аз 57-80 ҳазор танга то ба 150 ҳазор танга (наздики 350 доллар) зиёд ва дар арафаи идҳо иловапулӣ пардохт кунад.

Яке аз эътирозгарон гуфт, ки субҳи чоршанбе на аз тарафи раҳбарияти корхона ва на аз тарафи мақомот касе ба назди онҳо наомадааст. Танҳо муовини шаҳрдори Жанаозен ба назди онҳо рафта, гуфтааст, коршиканиашон ғайриқонунӣ мебошад.

Дар интернет муроҷиати видеоии коргарон ба унвони президент, сарвазир, раиси ширкати "КазМунайГаз", раиси вилояти Мангистау ва мансабдорони дигар нашр шудааст.

XS
SM
MD
LG