Ссылки доступа

Президенти Қирғизистонро ба додгоҳ кашиданд


Мудири пешини Комисияи давлатӣ дар умури дини Қирғизистон Акин Токталиев президенти он кишвар Содир Ҷабборов ва сухангӯи пешини президент Галина Байтерекро ба додгоҳ кашид.

Токталиев гуфт, бидуни асосе аз мақоми мудирии Комисияи давлатӣ дар умури дин барканор шудааст.

"Замоне ки маро аз мақом барканор карданд, президент ва сухагӯяш маро бо тундгаро баробар донистанд", - гуфт Токталиев.

Вай аз президент ва суахнгӯи пешинаш бештар аз 1,1 млн доллар ҷуброн ва узрхоҳӣ талаб дорад. Токталиев рӯзи 8 июл ба додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек шикоят бурдааст. Рӯзи 12 июл додгоҳ шикояти ӯро баргардонид. Аммо вай рӯзи баъдӣ дубора шикоят бурд.

Дастгоҳи президент ва Галина Байтерек то кунун ин мавзуъро шарҳ надодаанд.

Акин Токталиев моҳи ноябри соли 2021 бо қарори Содир Ҷабборов мудири Комисияи давлатӣ дар умури дин таъйин шуд. Вай 9 феврали соли 2021 аз мақом барканор гардид.

XS
SM
MD
LG