Ссылки доступа

Дар Туркманистон омӯзгореро дар куштори духтари 19-сола гумонбар мекунанд


Нашрияи мустақили turkmen.news 12 июл хабар дод, ки як духтари 19-сола дар шаҳри Дашоғузи Туркманистон кушта шудааст. Бо гумони куштори ин духтар як омӯзгор боздошт шудааст.

Расонаҳо навиштанд, ки омӯзгор бо ҳадафи ғорати духтари 19-сола вориди манзили онҳо шудааст.

Омӯзгор бо табар духтари 19-сола, донишҷӯи донишкадаи тиббиро куштааст.

Омӯзгори боздоштшуда дар бозпурсӣ гуфтааст, ки бо ҳадафи ғорат вориди манзили духтари 19-сола шуда буд. Аммо замони рӯ ба рӯ шудан бо духтар, ӯро куштааст.

XS
SM
MD
LG