Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон ду иштирокчии тазоҳуроти 6 июлро ҳабс кард


Додгоҳе дар Алматои Қазоқистон фаъолон Абзал Достиёров ва Олимҷон Избасаровро, ки 6 июл дар ҳамоиши эътирозие иштирок карда буданд, ба "майдаавбошӣ" айбдор эълом ва шаш рӯз ҳабси маъмурӣ кардааст.

Дар ин бора муовини сардори пулиси шаҳр Рустам Абдураҳмонов ба наздикони фаъолон, ки дар назди идораи пулис бо талаби ироаи маълумот дар бораи пайвандонашон ҷамъ шуда буданд, хабар дод.

Дар Идораи пулиси Алмато гуфтанд, ки фаъолони маҳкумшуда дар тазоҳуроти 6 июл кормандони пулисро "таҳқир" кардаанд. Вале наздикони фаъолон бо иддаои пулис розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, он рӯз қонуншиканиро худи кормандони пулис анҷом дода, эътирозгаронро бидуни асос шаш соат дар иҳота гирифтанд.

Ҷонибдорони ҳизби сабтиномнашудаи демократи Қазоқистон 6 июл дар Рӯзи пойтахти он кишвар дар назди Қасри варзиши Алмато ҷамъ шуда, гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Пулис ҷамъшудаҳоро ба муҳосира гирифта, иҷозати ҳаракат надод. То соати 13-и рӯзи 6 июл наздики 100 кас дар муҳосираи пулис боқӣ монданд.

XS
SM
MD
LG