Ссылки доступа

Узбекистон боз 90 ҳазор моя ваксинаи "Спутник V" дарёфт кард


Шаби 14 ба 15 июл аз Русия ба Узбекистон 70 000 мояи аввал ва 20 000 мояи дувуми ваксинаи "Спутник V" зидди коронавирус интиқол дода шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустии Узбекистон хабар додааст.

Нахустин мояҳои ваксинаи русии "Спутник V" дар ҳаҷми 100 000 моя моҳи апрели соли равон аз Русия ба Узбекистон интиқол дода шуда буд. Ин кишвар моҳи июн 140000 моя ва 5 июли соли ҷорӣ низ 40 000 мояи дигари ин ваксинаро дарёфт кардааст.

Дар ҳоли ҳозир захираи танҳо ваксинаи русии "Спутник V" дар Узбекистон ба 370 000 моя расидааст.

Ба огаҳии Вазорати тандурустии Узбекистон, ҳаҷми умумии захираи ваксинаҳо 7 миллиону 530 ҳазор моя (660 000 моя ваксинаи AstraZeneca, 6,5 миллион моя ваксинаи ZF-UZ-VAC2001)-ро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG