Ссылки доступа

Шумори ҳабсшудаҳои занозании гуруҳии муҳоҷирон дар Русия ба 42 расид


Додгоҳи ноҳияи Кузмини шаҳри Москва бештар аз 30 иштирокчии занозании гуруҳии муҳоҷиронро дар назди метрои "Кузминка" ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид.

Дар маҷмуъ рӯзҳои сешанбеву чаҳоршанбе 42 иштирокчии занозании гуруҳии муҳоҷирон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуданд.

Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, ки гуруҳе аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ барои занозанӣ дар назди метрои Кузминкии Маскав дар шаби 11-уми июл бо қарори додгоҳ ҷарима ва аз қаламрави Русия ихроҷ карда мешаванд.

Ба иттилои Раёсати марказии Вазорати корҳои дохилии Маскав, пас аз ҷанҷоли гуруҳии муҳоҷирон, 103 нафари онҳоро ба шӯъбаи пулис бурданд. Баъзе аз онҳо ба вайрон кардани қоидаҳои будубош ва авбошӣ муттаҳаманд.

Дар айни замон намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон занозании ахирро рӯзи 15-уми июл дар сари мизи музокирот матраҳ хоҳанд кард.

Гулзина Маматахунова, раҳбари бунёди Рушди муҳоҷират, дар сӯҳбат бо хабаргузориҳо гуфтааст, муҳоҷирон ба Русия барои кор омадаанд, на барои куштани ҳамдигар. Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, барои пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо бояд намояндагиҳо ҷалб карда шаванд.

Дар зимн, баъди ин занозанӣ, рӯзи 13-уми июл дар Маскав боздошти ғайриқонунии густурдаи муҳоҷирон шуруъ шуд. Валентина Чупик, раҳбари созмони маркази “Тонг Ҷаҳонӣ” мегӯяд, дар давоми рӯз дар ин бора аз муҳоҷирон тақрибан 1000 муроҷиат гирифтааст. “Аз боздоштшудаҳо ҳуҷҷатҳову телефонҳои мобилияшонро гирифта, дар берун аз шуъбаҳои пулис гуруснаву ташна ва бидуни имкони қазои ҳоҷат нигоҳ доштаанд. Бо талош ва муосидати сафорати Тоҷикистон дирӯз муҳоҷирони тоҷик аз шуъбаҳои пулис раҳо гардиданд”, --гуфтааст ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия.

XS
SM
MD
LG