Ссылки доступа

Қирғизистон қирғизтаборони фирорӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистонро қабул мекунад


Қирғизистон аз намояндагии минтақавии Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон дархост кардааст, то дар интиқоли қирғизтабороне ба он кишвар мусоидат кунад, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, ин кишвар ҳамчунин аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барои интиқоли гурезаҳои қирғизтабор то ба марзи он кишвар дархости кумак намудааст.

Дар ду рӯзи охир 347 сокини қирғизтабори вулусволӣ ё ноҳияи Вахони Афғонистон аз тарси ҷангҷӯёни Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд. Марзбонони тоҷик гуфтанд, ин бор аз дасти паноҳандагон 3,5 кило маводи мухаддиро мусодира шуд.

Дафтари матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шоми 14-уми июл бо нашри баёния гуфт, дар ду рӯзи охир, 13-ум ва 14-уми июл, аз деҳаи Андемини вулусволии Вахони Афғонистон 347 нафар ба Тоҷикистон паноҳ оварданд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, онҳо барои наҷоти ҷони худ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи Толибон ба марзи Тоҷикистон омаданд ва марзбонони тоҷик бо риояи усули инсондӯстӣ онҳоро ба қаламрави кишвар роҳ доданд.

Дар баёнияи идораи марзбонии Тоҷикистон гуфта мешавад, фирориён қирғизтаборони Афғонистонанд.

Сар аз 20 июли соли равон қабули ҳуҷҷатҳо барои дарёфти шаҳрвандии Қирғизистон бар асоси расмиёти содашуда оғоз мешавад.

Ба иттилои Вазорати рушди рақамии Қирғизистон, ин меъёр танҳо ба қирғизтаборон ва шахсони бидуни шаҳрвандие дахл мекунад, ки миллаташон қирғиз аст. Бар асоси фармони президенти Қирғизистон, меъёри мазкур то 31 декабри соли 2022 амал мекунад.

XS
SM
MD
LG