Ссылки доступа

Радиои Озодӣ воридсозии рӯзноманигоронро ба рӯйхати "агенти хориҷӣ" маҳкум мекунад


Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радио Озодӣ аз қарори вазорати адлияи Русия дар робита ба шомилсозии рӯзноманигори Бахши русии Радиои Озодӣ Елизавета Маетная ба рӯйхати "агенти хориҷӣ" нигарон аст.

"Кормандони мо - дӯстдорони воқеии Русия ҳастанд, ки ҳунари касбии худро барои таъмини ҷомеа бо хабарҳои бетарафона ва санҷидашуда сарф мекунанд. Ҳамлаҳои рӯзафзуни Кремл ба рӯзноманигорони мустақил русиягиҳоро аз иттилои зарурӣ дар лаҳзаҳои ҳассос маҳрум месозад", - гуфт Флай.

Ба ҷуз аз Маетная рӯзи 15 июл ҳафт тани дигар аз рӯзноманигорони Русия аз расонаҳои мухталиф шомили рӯйхати "агенти хориҷӣ" шуданд.

Ба рӯйхати расонаҳои "агенти хориҷӣ" дар Русия айни замон 28 шахси воқеӣ ва расонаҳо шомил аст, ки аз онҳо 10 тарҳи русии Радио Озодӣ ва чаҳор ҳамкори Бахши русии Радиои Озодӣ ҳастанд.

Радиои Озодӣ қонун дар бораи ВАО дар Русияро, ки заминаи "агентҳои хориҷӣ" гаштааст, таъқибкунанда меномад.

XS
SM
MD
LG