Ссылки доступа

Дастгоҳҳои кории раиси ҳизби мхолифи Узбекистонро мусодира карданд (видео)


Хидирназар Оллоҳқулов, раиси ҳизби сотсиал-демократии "Ҳақиқат ва Тараққиёт"-и Узбекистон гуфт, мақомот фишорҳо ба вай ва ҳамҳизбонашро идома медиҳанд.

Дар суҳбат бо расонаҳо Оллоҳқулов афзуд, 12 июл кормандони Бюрои иҷрои иҷбории ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд бидуни огоҳӣ ба манзили вай ворид шуда, ҳамаи василаҳои техникӣ - телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва тафдонро бо худ бурдаанд.

Ин дар ҳолест, ки додгоҳи ноҳияи Юнусобод Оллоҳқуловро рӯзи 4 май дар асоси моддаи "Туҳмат"-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ айбдор ва наздики 470 доллари ИМА ҷарима карда буд.

Мусодираи васоили техникӣ аз манзили вай низ ба ҳамин парванда рабт дорад.

Ба иловаи ин, рӯзи 31 май наздики 20 фарди ношинос ба Хидирназар Оллоҳқулов дар наздикии манзилаш ҳамла карда буданд.

Рӯзи баъдӣ Оллоҳқулов ба мақомоти шикоят бурд. Аммо дертар маълум шуд, ки афроди ҳамлавар нисбати Оллоҳқулов ба мақомоти шикоят бурдаанд. Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Тошканд бо моддаи "майдаавбошӣ" нисбати раиси ҳизби сотсиал-демократӣ парвандаи маъмурӣ боз карданд.

Ҳизби нави "Ҳақиқат ва Тараққиёт" талоши сабти ном шуданро дорад. Ин ҳизб мехоҳад дар интихоботи президентии Узбекистон дар моҳи октябри соли ҷорӣ ширкат варзад.

XS
SM
MD
LG