Ссылки доступа

Хабарнигорон мегӯянд, рӯзноманигорӣ дар Русия "маҳв" мешавад


Одиночный пикет в поддержку журналистов, признанных "иноагентами", Новосибирск, 16 июля 2021 года

Дар шаҳри Новосибирски Русия ба ҷонибдорӣ аз рӯзноманигороне, ки "агенти хориҷӣ" эътироф шудаанд, ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор карда мешавад. Эътирозгарон аз маҳви воқеии ин касб дар Русия нигаронанд.

Рӯзноманигори расонаи "Такие дела" Рита Логинова бо лавҳае дар даст ба майдони марказии шаҳр баромада, ки дар он навишта шудааст, "Рӯзноманигорон душман нестанд ва расонаҳо бояд озод бошанд". Дар лавҳаи эътирозгари дигар ҳам навишат шуда, ки "Проект" дар бораи мақомот таҳқиқот анҷом медиҳад. Муаллифонашро "агенти хориҷӣ" меноманд" ва "Рӯзноманигорон душман нестанд".

Додситонии Русия 15 июл расонаи "Проект"-ро, ки дар бораи мансабдорони баландпояи ин кишвар таҳқиқотҳо анҷом додааст, "созмони номатлуб" эълом кард. Ҳамчунин 8 рӯзноманигори дигар дар Русия ба рӯйхати "Расонаҳо - агентҳои хориҷӣ шомил карда шуданд.

Сармуҳаррири "Проект" Роман Баданин, рӯзноманигорони он Пётр Маняхин, Олга Чуракова, Мария Железнова ва Юлия Лукянова "агенти хориҷӣ" номида шуданд. Ба ин рӯйхат ҳамчунин сармуҳаррири "Откритих Медиа" Юлия Ярош, муовини ӯ Максим Гликин ва рӯзноманигори бахши русиягии Радиои Озодӣ Елизавета Маетная шомил гаштаанд.

Ба рӯйхати расонаҳои "агенти хориҷӣ" дар Русия айни замон 28 шахси воқеӣ ва расонаҳо шомил аст, ки аз онҳо 10 тарҳи русии Радиои Озодӣ ва чаҳор ҳамкори Бахши русии Радиои Озодӣ ҳастанд.

Радиои Озодӣ қонун дар бораи расонаҳоро дар Русия, ки заминаи "агентҳои хориҷӣ" гаштааст, таъқибкунанда меномад.

XS
SM
MD
LG