Ссылки доступа

Шаҳрдори пешини Бишкек шартан аз ҳабс озод шуд


Шаҳрдори пешини Бишкек Азиз Суракматов, ки дар сӯистифода аз мансаб ва фасодкорию қаллобӣ айбдор мешавад, розӣ шудааст, бо муфаттишон ҳамкорӣ кунад. Дар ин бора аз Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон 16 июл хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳукми ҳабси пешакии Суракматов бо қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек тағйир дода шуда, ӯ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод гаштааст.

"Суракматов дар робита ба ҳолатҳои тағқсими ғайриҷонунии замин дар ҳудуди Бишкек баёнот дода, 170 миллион сом хисорот 150 миллион сомашро пардохт кард. Хисороти боқӣ тибқи ҷадвал пардох карда мешавад", гуфтанд дар кумита.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон қаблан гуфта буд, ки Суракматов "бо мақсади ба даст овардани сарвати ғайриқонунӣ аз мақоми худ сӯистифода карда, ба ниҳодҳои масъули тақсими замин фишор меовардааст, то ба ширкатҳои мавриди назараш қитъаи замин диҳанд".

Шаҳрдори пешини Бишкек 26 май аз сӯи маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боздошт шуда буд.

Азиз Суракматови 51-сола солҳои 2018-2020 шаҳрдори Бишкек буд. Дар гузашта вакили порлумони Қирғизистон низ буд. Вай 20 октябри соли гузашта дар пайи ҳаводиси моҳи октябри Қирғизистон аз мақомаш истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG