Ссылки доступа

Блогери узбек, ки фаъолияти ҳизби мухолифро бозтоб мекард, ҳабс шуд


Блогер Озодбек Курбанов
Блогер Озодбек Курбанов

Блогер Озодбек Қурбонов 15 июл дар назди бинои маъмурияти президенти Узбекистон боздошт ва бо гумони майдаавбошӣ 15 шабонарӯз ҳабс шудааст.

Ба гуфтаи фаъолони Ҳизби "ҳақиқат ва тараққиёт"-и Узбекистон, дар додгоҳ гуфта шуд, ки Қурбонов ба "намояндагони давлат муқобилият нишон дода, кормандони ҳифзи ҳуқуқро таҳқир кардааст".

Ҳукми ҳабси маъмурии блогерро додгоҳи ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд содир намудааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон ҳодисаи 15 июл дар назди маъмурияти президентро, ки бо боздошти блогер анҷомид шарҳ намедиҳанд.

Муҳаррири саҳифаи "Куч бирдамликда" дар Youtube Озодбек Қурбонов бо интиқодҳои худ аз мақомоти узбек ва баромадҳояш ба ҷонибдорӣ аз раиси Ҳизби мухолифи "ҳақиқат ва тараққиёт" Хидирназар Аллақулов маъруф аст.

Ба гуфтаи шоҳидон, блогер он рӯз раванди ироаи шикояти ҳизби мухолиф ба Додгоҳи конститутсионии Узбекистонро бозтоб мекард.

Дар шикоят омадааст, ки раҳбари Ҳизби "ҳақиқат ва рушд" 15 июл ҳангоми ҳозир шудан ба Додгоҳи конститутсионии Узбекистон, ки дар бинои маъмурияти президент қарор дорад, мавриди ҳамлаи даҳҳо шахси ношинос қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG