Ссылки доступа

Ҳаҷ шуруъ шуд: тавоф танҳо барои сокинони Арабистони Саудӣ иҷозат аст


Зойирони ҳаҷ рӯзи якшанбе адои маросимҳоро шуруъ карданд. Дар ин бора телевизиони "Ихбария"-и Арабистони Саудӣ иттилоъ дод.

Адои маросимҳои ҳаҷ соли дувум аст, ки дар робита ба вабои коронавирус дар шароити маҳдуд баргузор мешаванд. Мақомоти Арабистони Саудӣ соли ҷорӣ адои ҳаҷро танҳо барои сокинони маҳаллӣ ва хориҷиҳое иҷозат доданд, ки дар он кишвар зиндагӣ доранд.

Интизор меравад, наздики 60 ҳазор кас адои ҳаҷ кунанд. Ду соли пеш тақрибан 2,5 миллион кас аз саросари дунё ба адои ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мерафтанд. Мақомоти Арабистони Саудӣ моҳи июни имсол гуфтанд, танҳо афроди аз 18-сола то 65-солае, ки воксини зидди коронавирус гирифтаанд, иҷозаи адои ҳаҷро доранд.

Мақомоти шоҳигарии Арабистони Саудӣ умедворанд, ки бо иҷро ин шартҳо мисли ҳаҷҷи соли 2020 аз густариши коронавирус пешгирӣ хоҳанд кард.

Маросими асосии ҳаҷ имрӯз - душанбе дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ доир мешавад.

XS
SM
MD
LG