Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон ду фаъоли ҷамъиятиро барои "гирдиҳамоии ғайриқонунӣ" ҷарима баст


Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 17 июл Ойнагул Тубетова ва Аҳмад Сарсенгалиевро бо айби вайрон кардани тартиби баргузории гардиҳамоиҳо 350 долларӣ ҷарима баст.

"Маро ба хотири он ҷарима бастанд, ки ман иттилоъ дар бораи баргузории гирдиҳамоиҳои рӯзи 17 июлро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр кардам. Ман тасмим надорам, ин ҷаримаро пардозам. Ман намехоҳам, ҷайби давлатеро ғанӣ гардонам, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром намегузорад", - гуфт Ойнагул Тубетова.

Аҳмад Сарсенгалиев, фаъоли дигари маданиро низ додгоҳ бо айни ҳамин айб 350 доллар ҷарима баст.

Мухтор Аблязов, мухолифи ҳукумати Қазоқистон аз ҳаводоронаш даъват карда буд, ки рӯзи 17 июл ба кӯча бароянд.

XS
SM
MD
LG