Ссылки доступа

Дар робита ба бадшавии вазъи марз низомиёни Туркманистон хонаводаҳояшонро ба минтақаҳои дигар мекӯчонанд


Дар пайи бадшавии вазъи шимоли Афғонистон, ки бо Туркманистон ҳаммарз аст, низомиёни Туркманистон омодагии ҷангиашонро бештар мекунанд.

Дар ин робита, низомиён ва мақомдорони дигари вилояти Марии Туркманистон хонаводаҳояшон ба минтақаҳои дигар кӯч додаанд.

Мақомоти Туркманистон ҳамзамон ба марз неруи бештар интиқол медиҳанд.

"Низомиён ва кормандони ниҳодҳои қудратӣ хонаводаҳояшонро ба ҷойҳои дигар кӯч медиҳанд. Ин боиси сару садоҳо миёни сокинони маҳаллӣ ҳудааст", - гуфт як сокини вилояти Марӣ

Пештар аз ин ҳукумати Туркманистон намояндагони ҳаракати "Толибон"-ро барои гуфтугӯ ба Ишқобод даъват карда буд.

XS
SM
MD
LG