Ссылки доступа

Кумитаи тафтишотии Русия марги навраси узбекистонӣ ва ҷавони тоҷикистониро таҳқиқ мекунад


Кумитаи тафтишотии Русия баъди марги духтари 15-солаи узбекистонӣ ва ҷавони 20-солаи тоҷикистонӣ дар вилояти Ленингради Русия парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Ҷасади ин ду нафарро сокинони маҳаллӣ рӯзи 11 июли соли ҷорӣ дар дарахте овехта дар ҷангал пайдо карданд.

Духтари овехта Шаҳзода Шокирова, сокини 15-солаи шаҳри Тошканди Узбекистон ва ҷавони овехта Ҷаҳони 20-сола аз ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон буд.

Кумитаи тафтишотии Русия дар пайи ин қазия бо моддаи "Расонидан ба марг аз рӯи беэҳтиётӣ" нисбати ду нафар парванда боз кардааст.

Наздикони Ҷаҳон мегӯянд, байни вай ва Шаҳзода муносибатҳои маҳрамона мавҷуд буд.

XS
SM
MD
LG