Ссылки доступа

Табиби туркманро, ки аз ҳуқуқи касбии худ ҳимоят мекард, "рабуданд"


Хурсанай Исматуллаева

Хурсаной Исматуллоева, собиқ табиби маркази "Эне мяхрӣ" шаби 16 июл дар манзили зисташ дар шаҳри Гёкдепеи вилояти Ахал аз сӯи афроди ношинос боздошт ва ба самти номаълум бурда шудааст.

Ин табиби туркман соли 2017 баъди нагирифтани пора барои сафарбар кардани иҷбории беморон ба ташхису ҷарроҳиҳои бефоидаи пулакӣ аз касбаш маҳрум гашта буд.

Бино ба навиштаи Turkmen.news, шаби 16 июл ба хонаи Исматуллоева ҳудуди 10 нафар ҳозир шуда буданд, ки дар тан баъзеашон либоси мулкӣ ва бархеи дигар либоси кормандони пулисро доштанд. Онҳо телефон ва тамоми техникаҳои табибро бо худ бурдаанд.

Исматуллоева даҳ сол мешавад, барои барқарор кардани адолат ва зидди барканории ғайриқонунияш аз "Эне мяхрӣ" мубориза мебурд.

Боздошти табиби туркман баъди иштирокаш дар вохурии онлайнии "Шеваҳои саркӯб дар Осиёи Марказӣ: садои ҳомиёни ҳуқуқ", ки аз сӯи вакилони Порлумони Аврупо баргузор карда шуда буд, сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG