Ссылки доступа

Хушксолӣ дар Узбекистон: сокинон барои об бо ҳам меҷанганд


18 июля сотрудникам правоохранительных органов Ангорского района Сурхандарьинской области удалось предотвратить столкновение между жителями села «Навшахар» из-за нехватки поливной воды.
18 июля сотрудникам правоохранительных органов Ангорского района Сурхандарьинской области удалось предотвратить столкновение между жителями села «Навшахар» из-за нехватки поливной воды.

Парвандаи низое, ки 2 июли соли равон миёни соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ ва кормандони иттиҳодия барои об дар деҳаи "Навшаҳр"-и ноҳияи Ангори Узбекистон сар зада буд, 14 июл ба додгоҳ фиристода шудааст.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ангор 18 июл боз як низоъ барои обро дар деҳаи мазкур хомуш сохтанд. Баҳсҳо барои об ҳоло тақрибан дар ҳамаи вилоятҳои Узбекистон сар мезананд. Ба гуфтаи нозирон, ҳатто ҳолатҳое низ шудааст, ки кишоварзон ба хотири об ба ҷони ҳамдигар қасд кардаанд.

Эркин Ғаффорови 33-сола яке аз ҷабрдидаҳои низоъ барои об дар "Навшаҳр" аст. Ӯ гуфт, пулиси Ангор парвандаи низоъро ба додгоҳ фиристодааст. "Миёни сокинони маҳаллӣ ва кормандони иттиҳодия ба хотири об моҷаро бархост. Дар ҷараёни баҳс маро сахт таҳқир карданд ва ман рафта, ба пулис шикоят кардам. Чанд рӯз пеш парванда ба додгоҳ ирсол шудааст", - изҳор дошт ӯ.

Мудири иттиҳодияи "Ангор Сурхон ғурурӣ" Азамат Шапаатов ҷанҷоли кормандонаш барои об бо сокинони "Навшаҳр"-ро тасдиқ кард, вале гуфт, аз ҷузъиёти он хабар надорад.

Дар Идораи пулиси Ангор гуфтанд, роҷеъ ба ҷанҷоли мазкур бо банди "Майдаавбошӣ" парванда боз ва ба додгоҳ ирсол шудааст.

Рӯзи 18 июл дар деҳаи "Навшаҳр" барои об дубора низоъ рух дод. Дар видеое, ки дастраси бахши узбекии Радиои Озодӣ шуд, дида мешавад, ҳудуди 20 кас дар назди ҷуйборе ҷамъ шуда, барои об бо ҳам баҳс мекунанд.

XS
SM
MD
LG