Ссылки доступа

Дар Хатлон барои паноҳандагон аз Афғонистон урдугоҳ бунёд мешавад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Дар Хатлон барои паноҳандагон аз Афғонистон урдугоҳ бунёд мешавад. Воқеаҳои ахири ба Тоҷикистон фирор кардани ҳарбиён ва шаҳрвандони Афғонистон мақомоти Тоҷикистонро водор кард, ки дар минтақаи наздик ба марз, дар вилояти Хатлон, бошишгоҳи махсус барои паноҳандагонро бунёд кунанд. (видео)

- Дар Тоҷикистон хонаеро намоиш доданд, ки ба соҳибаш хабар мекашад. (видео)

- Бозгардони занону кӯдакони тоҷик аз Сурияву Ироқ мутаваққиф шудааст (видео)

- Қутоспарварони тоҷик аз зимистони сард зарари калон дидаанд (видео)

- Суолҳои бепосух дар бораи коронавируси нав дар Суғд.​ Мақомоти Суғд ҳарчанд дар бораи шумори беморону ҷонбохтагон ва вазъи вобаста ба коронавирус дар минтақа иттилои дақиқ надоданд, гуфтанд, ки барои дарёфти ваксинаи бештар ба ҳукумати кишвар муроҷиат кардаанд. (видео)​

- Тоҷикистон марзбони боздоштшудаи қирғизро раҳо кард. Намояндагони ҳукумати ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) дар вилояти Суғд пас аз тақрибан як ҳафтаи тирпарронӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки боис ба марги як нафар шуд, ҷузъиёти ҳодисаро гуфтанд (видео)

- Комёбӣ ва мушкилоти рӯзноманигорони варзишӣ дар Тоҷикистон. Ширкатдори Анҷумани хабарнигорони варзишӣ бар инанд, ки хабарнигорони бахши варзиш бояд мактаби хоси худ бо устодони ботаҷриба дошта бошанд (видео)

- Чаро биноҳои бисёртабақаи Кӯлоб оби ошомиданӣ надоранд? Мақомдорони Кӯлоб мегӯянд, зеро оби нӯшокӣ барои обдиҳии дарахтону чорво истифода мешаванд. (видео)​

- Дар Тоҷикистон ба вазъи Афғонистон чӣ назар доранд? Тасарруфи чанд минтақа дар гӯшаҳои Афғонистон, бахусус наздик ба марзи Тоҷикистон, аз тарафи Толибон бисёриҳоро дар кишвар нигарон кардааст. Сокинон мегӯянд, ҳузури ин гуруҳ хавфи терроризму ифротгароиро дар Тоҷикистон бештар ва назорати сарҳадро мушкилтар мегардонад (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG