Ссылки доступа

Додгоҳи Петербург қирғизистониҳои гумонбар ба ғоратгариро бегуноҳ эълом кард


Иллюстративное фото.

Қирғизистониҳои гумонбар ба ҳамлаи авбошона баъди аз сӯи додгоҳи Санкт-Петербург бегуноҳ эълом шуданд, гуфтанд, ки дар шуъбаи пулис шиканҷа шудаанд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, маъмурони пулис онҳоро шиканҷа кардаанд, то гуноҳро ба гардан бигиранд.

Ин се шаҳрванди Қирғизистон - Заирбек Дуйшо, Бекболот Менишбой ва Нургазӣ Сариков ба он айбдор мешуданд, ки гӯиё як зан, сокини Санкт-Петербургро ғорат кардаанд. Вале додгоҳи ноҳияи Фрунзенскийи шаҳр ба хулосае расид, ки муҳоҷирон дар ғоратгарӣ даст надоранд.

Муҳоҷиронро кормандони пулиси рус моҳи январи соли 2020 дар манзили иҷорае, ки ба сар мебурданд, боздошт ва ба ғорат кардани амволи Нина Гусенко айбдор карданд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, кормандони пулис ин се нафарро бо чӯбдасти резиниву барқ шиканҷа ва маҷбур кардаанд, ки ғоратгариро ба гардан бигиранд. Дар натиҷа Дуйшову Менишбой​ ба амалкарди маъмурон тоб наоварда, гуфтаанд, ки амволи занро онҳо ғорат кардаанд.

Ба гуфтаи вакили дифои муҳоҷирон Павла Литвинова, ҷабрдида нахуст гуфтааст, ҳамлагарон ниқоб доштанд ва онҳоро намешиносад, вале дертар баёноти худро тағйир дода, изҳор доштааст, ки ба ӯ Заирбек Дуйшо, Бекболот Менишбой ва Нургазӣ Сариков ҳамла карда буданд.

Павел Литвинов гуфт, бегуноҳии шахсони зери ҳимояи ӯро навори дурбинҳои назоратии корхонае исбот кард, ки муҳоҷирон дар онҷо фаъолият мекарданд.

XS
SM
MD
LG