Ссылки доступа

Аз Қазоқистон хостанд, хабари рахнашавии телефонҳои сокинонашро таҳқиқ кунад


Бунёди байналмилалии ҳимоят аз озодии баён ва Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон ба таҳқиқи хабари эҳтимоли рахна шудани телефони сокинони ин кишвар тавассути барномаи ҷосусии "Pegasus" даъват карданд.

Созмонҳо ҳамчунин талаб кардаанд, номи ҳамаи қазоқистониҳое ифшо карда шавад, ки эҳтимол меравад, телефонҳояшон рахна шудааст, то "имкони муроҷиат барои ҳимояти ҳуқуқи конститутсионии худро дошта бошанд". Ҳомиёни ҳуқуқ сахттар кардани ҷазо барои ифшои маълумоти шахсиро ҳам хостор шудаанд.

Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) рӯзи 20 июл рӯйхати нави қазоқистониҳоеро нашр кард, ки телефонҳояшон бо барномаи ҷосусии "Pegasus" (Пегас) рахна гаштааст. Дар ин рӯйхат ҳамакнун президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, сарвазири он кишвар Асакар Мамин ва ҳокими шаҳри Алмато Бакитҷон Сагинтаев шомил ҳастанд.

OCCRP менависад, ки рахна кардани телефони президент ва сарвазири Қазоқистонро эҳтимолан мақомоти худи Қазоқистон супориш додаанд.

Ба ҷуз аз Қазоқистон, ба иттилои пажуҳишгарон, барномаи Pegasus-и ширкати NSO Group-ро мақомоти Озарбойҷон, Маҷористон, Мексика, Баҳрайн, Ҳинд, Индонезия, Марокаш, Руанда, Ҷумҳурии Конго, Арабистони Саудӣ - дар маҷмуъ наздики 50 давлат истифода кардаанд.

Барномаи Pegasus имкон дорад, тавассути паёмакҳои одӣ вориди телефон шуда, маълумотро рабояд ва муколамаҳоро хонад.

XS
SM
MD
LG