Ссылки доступа

ИМА ва Олмон дар мавриди "Ҷараёни Шимол -2" ба созиш расиданд


ИМА ва Олмон дар мавриди такмили тарҳи "Ҷараёни шимол - 2" бидуни таҳримҳои амрикоӣ, ба созиш расиданд. Дар ин бора муовини котиби давлатии ИМА Виктория Нуланд хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Вашингтон ва Берлин тамдиди созишномаи транзити гази русиро тавассути қаламрави Украина барои 10 сол ҳосил хоҳанд кард. Муҳлати созишномаи мавҷуда соли 2024 ба поён мерасад.

Нуланд гуфт, ИМА ва Олмон талош меварзанд, ки вобастагии иқтисодии Украина аз транзит ва интиқоли гази русӣ кам гардад. Ба ҷуз ин, мақомоти Олмон талош мекунанд, дар сурате, ки агар Русия захираҳои энержиашро барои фишор ба кишварҳои дигар истифода кунад, зидди Москва таҳримҳои нав ҷорӣ шавад.

Владимир Путин, президенти Русия дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон аз ба охиррасии сохтмони "Ҷараёни шимол - 2" изҳори қаноатмандӣ кард.

Сохтмони "Ҷараёни шимол - 2" соли 2016 шуруъ шуд. Интизор мерафт, ки лӯлаи мазкур дар охири соли 2019 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Васли лӯлаҳо моҳи декабри соли 2019 дар пайи таҳдиди таҳримҳои ИМА барои як сол қатъ шуд.

Ибтидои соли 2021 сохтмони "Ҷараёни шимол - 2" дубора шуруъ шуд.

Ҳукумати ИМА мегӯяд, лӯлаи мазкур ба амнияти энержии Иттиҳоди Аврупо ва Украина хатар дорад. Дар иваз Вашингтон ба Аврупо захираҳои энержии худро пешниҳод карда буд.

XS
SM
MD
LG