Ссылки доступа

Бархе аз сокинони Узбекистон роҳҳои фирор аз воксинзаниро меҷӯянд


Иллюстративное фото.

Мақомоти беҳдоштии Узбекистон рӯзи 17 июн воксинзанӣ зидди вабои коронавирусро барои 17 гуруҳи сокинон ҳатмӣ гардониданд.

Ба иттилои пизишкон, айни замон сокинони он кишварро воксини истеҳсоли муштараки Узбекистону Чин мезананд.

Пизишкон мегӯянд, набуди иттилои комил дар мавриди ин воксин боиси сару садоҳои зиёд шуда, дар натиҷа бархе аз сокинон мехоҳанд, аз воксинзанӣ худдорӣ варзанд.

Дар посух мақомоти Узбекистон аз сокинон мехоҳанд, ки ба овозаҳо бовар накунанд, зеро воксини муштараки Узбекистону Чин аз озмоиш гузаштааст.

То имрӯз дар Узбекистон бештар аз 5 миллион вояи воксин истифода шудааст, ки бештар аз 4 миллионаш воксини истеҳсоли муштарак бо Чин будааст.

XS
SM
MD
LG