Ссылки доступа

Коргардони маросими ифтитоҳи Бозиҳои Токио барои як шухияш дар бораи Ҳолокост барканор шуд


Глава организационного комитета Олимпийских игр в Токио Сэйко Хасимото
Глава организационного комитета Олимпийских игр в Токио Сэйко Хасимото

Коргардони маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Токио Кэнтаро Кобаясӣ дар пайи баҳсҳо атрофи як шухияш дар мавзуи Ҳолокост дар соли 1998, ки сабти он ахиран дар Интернет нашр гашт, аз мақоми худ барканор шуд.

Дар ин бора кумитаи тадорукотии Бозиҳои олимпӣ дар Токио хабар дод.

"Тавре маълум шуд, Кобаясӣ дар гузашта дар баромадҳояш як қисмати ғамангези таърихро масхара кардааст", - гуфт раиси кумита Сэйко Хасимото. Худи коргардон барои суханҳои 30 сол пешаш узр пурсида, эътироф кардааст, ки ҳарфҳои ӯ номуносиб буданд ва пушаймон аст.

Дар Интернет ахиран наворе нашр шуд, ки нишон медиҳад Кобаясӣ дар ҳайати гуруҳи ҳаҷвнигор пешниҳод мекунад, ки Ҳолокостро "бозӣ кунанд". Вай коғазпораҳоеро, ки дар онҳо акси намояндагони қурбониёни қатли ом кашида шудааст, ба ҳар тараф мепартояд.

Чанд рӯз пеш оҳангсози маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ Кэйго Оямадаи 52-сола ҳам аз мақомаш истеъфо дода буд. Ин тасмими Оямада ба як мусоҳибааш рабт дошт, ки дар он мегӯяд, дар айёми мактабӣ ҳамсинфони маъюбашро масхара кардааст.

XS
SM
MD
LG