Ссылки доступа

Шумори қурбониёни сел дар Хэнани Чин ба 33 расид


Мақомоти Чин 22 июл хабар доданд, ки шумори қурбониёни сел дар вилояти Хэнани ин кишвар то ба 33 нафар расид. Пештар шумори онҳо 12 кас гуфта мешуд.

Дар вилояти мазкур чанд рӯзи ахир борони сахт борид. Дар натиҷа дар маркази маъмурии он - шаҳри Чжэнчжоу, ки 10 миллион аҳолӣ дорад, гузаргоҳҳо, истгоҳҳои метро ва кучаҳо ба рӯдхона мубаддал шуданд.

Ба иттилои Хабаргузории расмии "Синхуа"-и Чин, зиёда аз 100 ҳазор одам ба ҷои бехавф кучонида шудааст.

Видеоҳои нашршуда дар Интернет нишон медиҳанд, ки мошину партовҳо дар рӯи об "шино" мекунанд ва мардум дар як ҳолати фоҷеавӣ қарор доранд. Бархе аз мусофирони метро дар дохили вагонҳо дармондаанд. Ҳамчунин ҷасади шахсони ғарқшуда низ мушоҳида мешавад.

"Ингуна борон дар 100 сол як бор меборад. Вазъ мудҳиш аст", - омадааст дар иттилоияи Раёсати пешгирӣ аз офатҳои табиии шаҳр.

XS
SM
MD
LG