Ссылки доступа

Коргарони чанд корхона дар Жанаозени Қазоқистон корпартоӣ карданд


Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон коргарони се ширкати нафткаш бо талаби афзоиши маош коршиканӣ карданд.

Рӯзи 21 июл коргарони ширкати "Озенмунайгаз" корпартоӣ ва навори видеоие нашр карданд. Дар навор омадааст, ки бисёре аз коргарони ширкат модарони серфарзанд буда, моҳонаашон барои таъмини хонавода кифоят намекунад.

Рӯзи чаҳоршанбе 21 июл коргарони "Ширкати хадамотии нафти Актау" низ корпартоӣ карданд. Онҳо афзоиши саддарсадии маошро талаб доранд.

Коргарони ширкати нафткашӣ дар чоҳи нафти Бузачи Шимолӣ, Каламкас ва Жетибай аз корпартоии коргарони ду ширкати болоӣ пуштибонӣ карданд.

Ин дар ҳолест, ки дар Жанаозен корпартоии ширкати нақлиётии KUNAN HOLDING аз рӯзи 19 июл то кунун идома дорад.

Пештар аз ин коргарони чанд ширкати дигар дар Жанаозен бо талаби афзоиши маош корпартоӣ карданд.

XS
SM
MD
LG