Ссылки доступа

Вазорати адлияи Белорус хост, иттиҳодияи рӯзноманигорони он кишвар баста шавад


Заместитель председателя Белорусской ассоциации журналистов Борис Гарецкий

Вазорати адлияи Белорус дар пасманзари афзоиши фишорҳо ба расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ талош дорад, ки иттиҳодияи рӯзноманигорони он кишварро бандад.

Ин ниҳод 21 июл аз Додгоҳи олии Белорус расман дархост кардааст, ки Иттиҳодияи рӯзноманигорони он кишварро барои "нақзи батакрори қонун" барҳам диҳад. Дархости мазкур баъди он сурат гирифта, ки мақомоти Белорус як ҳафта пеш коргоҳи иттиҳодияро бозҷӯӣ ва 20 июл ҳисобҳои бонкии онро бастанд.

"Маълум аст, ки ин як маъракаи шадиди таъқибгароёна бар зидди иттиҳодия мебошад", гуфтааст муовини раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Белорус Борис Гарецкий.

Вазорати адлияи Белорус дархости худро чунин шарҳ дода, ки иттиҳодия талабот дар бораи пешниҳоди як қатор санадҳои марбут ба иҷораи коргоҳҳояшро иҷро накард. Аммо масъулони иттиҳодия мегӯянд, вазорат ба онҳо вақти кофӣ надод, то санадҳоро омода ва пешниҳод кунанд.

Дархости барҳам додани иттиҳодия дар пасманзари афзоиши фишори Минск ба расонаҳои мустақил сурат мегирад. Ба иттилои иттиҳодия, Дар давоми як ҳафтаи ахир дар Белорус 66 коргоҳи расонаву хонаи рӯзноманигор бозҷӯӣ ва 32 хабарнигор ҳабс шудааст.

XS
SM
MD
LG