Ссылки доступа

Дар Қирғизистон эмкунии сокинон бо ваксинаи AstraZeneca оғоз шуд


Қирғизистон 22 июл эмкунинии сокинони худро бо ваксинаи AstraZeneca зидди коронавирус оғоз кард.

Як масъули Вазорати тандурустии Қирғизистон Гулбара Ишенаписова ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ки қарор аст, ин кишвар охирҳои моҳи июли соли равон дар доираи барномаи COVAX 220 ҳазор моя ваксинаи AstraZeneca дарёфт кунад.

Пештар Озарбойҷон ҳамчун кумаки башардустона ба Қирғизистон 40 ҳазор моя ваксинаи AstraZeneca дода буд. То ин дам сокинони Қирғизистон бо ваксинаҳои Sinopharm ва Sputnik V зидди коронавиру сэм мешуданд.

Ҳаҷми захираи ваксинаи Қирғизистон дар ҳоли ҳозир ба беш аз 1 миллион моя мерасад. Қирғизистон эмкун зидди коронавирусро 29 марти соли равон оғоз кард ва то ҳол беш аз 391 ҳазор шаҳрванди он кишвар ваксина гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG