Ссылки доступа

Русия муҳоҷирони Тоҷикистонро вазифадор кард, аз замимаи "Сайёҳат бидуни COVID-19" истифода баранд


 Таджикские трудовые мигранты в России
Таджикские трудовые мигранты в России

Русия шаҳрвандони хориҷӣ аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (Арманистон, Белорус, Қирғизистон ва Қазоқистон)-ро вазифадор кард, ки шуруъ аз 25 июл замимаи мобилии "Сайёҳат бидуни COVID-19" барои сафар ба Русия истифода баранд.

Шуруъ аз 1 сентябр ин талаб ба шаҳрвандони Озарбойҷон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ҳам дахл хоҳад дошт, ки қасди сафар ба Русияро доранд.

Замимаи мобилии "Сайёҳат бидуни COVID-19" моҳи феврали соли ҷорӣ роҳандозӣ шуд. Тавассути ин замима мешавад, беморхонаеро барои аз ташхис гузаштан интихоб ва натиҷаи ташхисро ба таври онлайнӣ дарёфт кард.

XS
SM
MD
LG