Ссылки доступа

Дар Туркманистон китобҳои муллоҳоро мусодира мекунанд


Дар вилояти Лебапи Туркманистон кормандони вазорати амнияти миллӣ хонаи сокинонро кофтукоб ва адабиёти диниро мусодира мекунанд.

Кормандони вазорати амнияти миллӣ аз сокиноне, ки ба таври пайваста ба масҷид мераванд, талаб доранд, дар хонаҳояшон ба ҷуз аз Қуръон китоби дигари динӣ нигаҳ надоранд.

Дар пасманзари фаъолшавии гуруҳи "Толибон" дар шимоли Афғонистон - ҳамсоягии Туркманистон, дар дохили Туркманистон таблиғи ақидаҳои гуруҳҳои тундрав, амсоли "Толибон" ва "Давлати исломӣ" шунида мешавад.

XS
SM
MD
LG