Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ аз Қирғизистон мехоҳанд, уҳдадориҳояшро роҷеъ ба парвандаи Аскаров иҷро кунад


Азимжан Аскаров.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар арафаи солгарди марги Азимҷон Аскаров, ҳомии ҳуқуқ, ки дар зиндони Қирғизистон даргузашт, Бишкекро ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ роҷеъ ба парвандаи ӯ даъват мекунанд.

Созмони ҳомии ҳуқуқи "Бир дуйно – Қирғизистон" 23 июл дар изҳороти худ ёдовар шудааст, ки Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ ҳанӯз дар соли 2016 аз мақомоти Қирғизистон бекор кардани ҳукми зиндони Аскаров ва раҳоии ӯро аз маҳбас хоста буд.

Созмони байналмилалии ҳоми ҳуқуқи Human Rights Watch ҳам 23 июл бо нашри як изҳорот аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки уҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро намуда, роҷеъ ба марги Аскаров тафтишоти мустақил анҷом диҳад ва ба хонаводааш ҷуброн пардозад.

Азимҷон Аскарови 69-сола рӯзи 25 июли соли гузашта дар зиндони Қирғизистон вафот кард.

Аскаров дар ноҳияи Бозоркоргони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон зиндагӣ ва ба ҳайси як ҳомии ҳуқуқ кор мекард. Баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 ӯро дар ташкили беназмиҳо ва ширкат дар куштори як ходими милиса айбдор карданд. Бар асоси қарори ҳама зинаҳои додгоҳӣ ӯ ба ҳабси абад маҳкум шуд.

30 июли соли 2019 парвандаи ӯ бар асоси тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ бозбинӣ шуд, вале додгоҳи вилояти Чуй озод кардани ҳомии ҳуқуқро рад кард. Додгоҳӣ олӣ ҳам 13 майи соли 2020 ин қарорро бетағйир монд.

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ соли 2016 дар хулосаҳои худ оид ба қазияи Аскаров гуфт, ки ӯ дар зиндон шиканҷа ва аз ҳуқуқи дастраси ба кӯмаки тиббӣ ва адолати судӣ маҳрум шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ҳомиёни ҳуқуқ моҳи феврали соли ҷорӣ аз риоя нашудани қарори СММ аз ҷониби ҳукумати Қирғизистон ба додгоҳи Бишкек шикоят карда буданд.

XS
SM
MD
LG