Ссылки доступа

Сафорати Русия дар Туркманистон сабтином ба парвозҳои чартериро боз дошт


Сафорати Русия дар шаҳри Ишқобод сабтиноми туркманистониҳоеро ба парвозҳои чартерӣ боз дошт, ки мехоҳанд ба он кишвар кӯч банданд.

Дипломатҳои рус ин тасмими худро ба нарасидани ҳавопаймоҳои ширкати S7 дар "мавсими парвозҳо" рабт додаанд. Ҳамчунин гуфтаанд, ки парвозҳои чартерӣ аз Туркманистон ба Русия фоидаовар нестанд. Зеро онҳо аз самти Русия ба Туркманистон холӣ парвоз мекунанд.

Аммо хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, далели дигари боз доштани сабтином ин аст, ки шумори туркманистониҳои руйхатшуда ба парвозҳои чартерӣ аз 10 ҳазор гузаштааст.

Ба гуфтаи хабарнигор, ин теъдод танҳо он туркманистониҳое ҳастанд, ки санадҳояшон барои кӯч бастан ба Русия омода буда, ҳатто худро аз қайди маҳалли зист дар Туркманистон ҳам баровардаанд.

Бино ба иттилои созмони ҳуқуқии мустақили "Бунёди туркмании Ҳелсинкӣ", давоми чанд соли ахир шумори туркманистониҳое, ки мехоҳанд ба Русия куч банданд, афзоиш меёбад.

Ин созмон бо такя ба омори Хадамоти марзбонии Русия гуфта, ки соли гузашта 21 ҳазору 680 шаҳрванди Туркманистон ба он кишвар кӯчидаанд.

XS
SM
MD
LG