Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон гӯш кардани телефони роҳбарони он кишварро шарҳ доданд


Даврон Абаев, муовини аввали раиси дастгоҳи президенти Қазоқистон хабари гӯш кардани телефони роҳбарон, фаъолон ва чанде аз рӯзноманигорони кишварашро шарҳ дод.

"Душвор аст, ҳарфе гуфтан, вақте чизе рушан нест. Ба мо хабари пурсарусадое доданд, вале далеле пешниҳод накарданд ва акнун пешниҳод доранд, ки ба он бовар кунем", - гуфт Даврон Абаев.

Пештар аз ин ҳукумати Қазоқистон хабари истифодаи барномаи ҷосусии Pegasus-ро барои гӯш кардан ва хондани муколамаҳои чанде аз қазоқистониҳо "пуч" унвон карда буд.

Марзи пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) рӯзи 20 июл чанд тани дигарро аз Қазоқистон ба рӯйати барномаи ҷосусии "Pegasus" (Пегас) шомил кард.

Дар ин рӯйхат ҳамакнун президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, сарвазири он кишвар Асакар Мамин ва ҳокими шаҳри Алмато Бакитҷон Сагинтаев шомил ҳастанд.

Дар ин рӯйхат дар ибтидо аз Қазоқистон панҷ кас шомил буданд - ду рӯзноманигор ва се фаъоли иҷтимоӣ.

Pegasus Project 17 созмони ғайридавлатӣ ва даҳҳо рӯзноманигорро мутаҳҳид мекунад, ки иттилои аз ширкати исроилии NSO Group беруномадаро омӯхтаанд. Ин иттилоъ аз рақами телефонҳое иборат аст, ки ба эҳтимоли зиёд тавассути барномаи ҷосусии Pegasus рахна шудаанд. Рахнасозии телефонҳоро ҳукуматҳои кишварҳои гуногуни дунё фармоиш додаанд. Тарҳи Pegasus Project ба иттилои ҷамъовардааш 18 июл шуруъ кард. Дар ҳоли ҳозир маълумот дар бораи рахна шудани телефонҳо 18 роҳбари кишварҳои дунё аз Аврупо, Африқо, Осиё ва Шарқи Наздик, аз ҷумла президентҳои Фаронса Эммануэл Макрон, шоҳи Марокаш Муҳаммади Шашум ва президенти Мексика нашр шудааст.

OCCRP менависад, ки рахна кардани телефони президент ва сарвазири Қазоқистонро эҳтимолан мақомоти худи Қазоқистон супориш додаанд.

Ба ҷуз аз Қазоқистон, ба иттилои пажуҳишгарон, барномаи Pegasus-и ширкати NSO Group-ро мақомоти Озарбойҷон, Маҷористон, Мексика, Баҳрайн, Ҳинд, Индонезия, Марокаш, Руанда, Ҷумҳурии Конго, Арабистони Саудӣ - дар маҷмуъ наздики 50 давлат истифода кардаанд.

Барномаи Pegasus имкон дорад, тавассути паёмакҳои одӣ вориди телефон шуда, маълумотро рабояд ва муколамаҳоро хонад.

XS
SM
MD
LG